Афсонаи ман ба кӯю бозоре нест
Лоиқ Шералӣ
Афсонаи ман ба кӯю бозоре нест,
Парвонаи ман ба шамъи рухсоре нест.
Як ёр маро ба ғайри ман дӯст надошт,
Ҷуз ман зи барои ман вафодоре нест.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 148 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 176
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 657
- 2011Девони замонсаҳ. 273