Агар бедонишон унвон наёбанд
Лоиқ Шералӣ
Агар бедонишон унвон наёбанд,
Барои фитнаҷӯӣ шаб нахобанд.
Пазад то хомашон пинҳон зи мардум,
Ба дасти дигарон оташ бикобанд.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 169
- 1988Офтобборонсаҳ. 352
- 1991Ману дарёсаҳ. 224
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 691
- 2011Девони замонсаҳ. 344