Аз роҳи замин роҳи фалакҳо кобем
Лоиқ Шералӣ
Аз роҳи замин роҳи фалакҳо кобем,
Аз пастии хок арши аъло ёбем.
Дигар натавон нишаст побанди замин,
Шаҳрем, ки дар харитаи Маҳтобем.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 66 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 166
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 650