Баҳорон баргро ранги ҷавонист
Лоиқ Шералӣ
Баҳорон баргро ранги ҷавонист,
Ба фасли тирамаҳ ранги хазонист.
Мазан сангам ба ҳаққи пургуноҳӣ,
Гуноҳи ман гуноҳи зиндагонист.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 184
- 1988Офтобборонсаҳ. 371
- 1991Ману дарёсаҳ. 243
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 697
- 2011Девони замонсаҳ. 353