Бақоро бебақо созад ҷудоӣ
Лоиқ Шералӣ
Бақоро бебақо созад ҷудоӣ,
Худоро бехудо созад ҷудоӣ.
Мабод он дам, мабод он дам, ки як дам
Туро аз ман ҷудо созад ҷудоӣ.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 397 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 362
- 1991Ману дарёсаҳ. 234
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 711
- 2011Девони замонсаҳ. 310