Бар ростравон низ хатар меояд
Лоиқ Шералӣ
Бар ростравон низ хатар меояд,
Бар нафърасон низ зарар меояд.
Гаҳ-гоҳ ба некӣ носипос аст ҳаёт,
Бар гардани хам низ табар меояд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 150 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 177
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 657