Басе бигзаштаам баҳру бари дил
Лоиқ Шералӣ
Басе бигзаштаам баҳру бари дил,
Гаравгон дода сар баҳри сари дил.
Вале бо ин ҳама дородилиям
Гадоӣ кардаам пеши дари дил.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 333
- 1991Ману дарёсаҳ. 204
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 715
- 2011Девони замонсаҳ. 314