Биё, гулғунчаи мижгонхамида
Лоиқ Шералӣ
Биё, гулғунчаи мижгонхамида,
Биё, гулчеҳраи кокулбурида.
На танҳо ман дар ин дунёи равшан
Худо ҳам чун ту зебое надида.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 361 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 353
- 1991Ману дарёсаҳ. 225
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 708
- 2011Девони замонсаҳ. 302
- 2011Барги сабзсаҳ. 62