Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам
Лоиқ Шералӣ
Бо ду чашми хирабин нури куҳистон, модарам,
Шуълае аз оташи оташпарастон, модарам.
Мавҷи мӯҳои сафедат аз сафедии дил аст,
Бо ҳама пажмурдагӣ сомони бустон, модарам.
Рӯзу шаб хобат намеояд зи сӯзишҳои дил,
Дар ғами ман кӯчахандон, хонагирён, модарам.
Бингарӣ ҳар бор бар гаҳвораи холии ман,
Ёд орӣ аз ману ризқи парешон, модарам.
Аз заминларза сутуни хонаат тарқидааст,
Эй сутуни рӯзгори нобасомон, модарам.
Як асо бори ғами пирит натвонад кашид,
Эй сабурият фузун аз сангу сандон, модарам,
Сӯи лаб нобурда, нон аз дасти ларзонат фитад,
Боз ҳастӣ бо аҷал дасту гиребон, модарам...
1987
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Модар
- Сол
- 1987 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Дасти дуои модарсаҳ. 83
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 87
- 2001Модарномасаҳ. 39
- 2011Девони замонсаҳ. 194