Боғе, ки нахурда об, монад бебар
Лоиқ Шералӣ
Боғе, ки нахурда об, монад бебар,
Чӯбе, ки насӯхт, худ нагардад ахгар,
Шеъре, ки зи сӯзу шарари дил холист,
Тифлест, ки мурда зода бошад модар.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 133 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 174
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 656
- 2011Девони замонсаҳ. 272