Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом
Лоиқ Шералӣ
Бӯалӣ – бихради накӯфарҷом
Рози дилро ба ду забон мегуфт.
В-он ҳакими нишобурӣ – Хайём
Дурри маънӣ ба ду забон месуфт.
Шоирон беш дузабон буданд:
Бо забони худу забони халқ,
Бо забони ҳақиқату дили худ
Шеър гуфтанду достони халқ.
Лек, афсӯс, дар ҳама айём,
Гарчи мардум закиву ҳушёранд,
Шоири дузабон чи кампайдост,
Шоирони дурӯя бисёранд...
1971
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Забон ва фарҳанги миллӣ
- Сол
- 1971 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 51
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 34
- 2011Барги сабзсаҳ. 26