Чӣ суд андешаи имрӯзу фардо
Лоиқ Шералӣ
Чӣ суд андешаи имрӯзу фардо,
Лаби дарё мабош аз хушклабҳо.
Лаби дарё бинеҳ лаб бар лаби ёр,
Ки осон бигзарӣ аз баҳри дунё.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 165
- 1988Офтобборонсаҳ. 347
- 1991Ману дарёсаҳ. 219
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 689
- 2011Девони замонсаҳ. 342