Чу пойизи гарон омад, гули ман
Лоиқ Шералӣ
Чу пойизи гарон омад, гули ман,
Дарахтонро хазон омад, гули ман.
Маро бо ту мисоли шохаю барг
Ҷудоӣ дар миён омад, гули ман.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 338 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 347
- 1991Ману дарёсаҳ. 218
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 706