Чу ту ман ҳам замоне вола будам
Лоиқ Шералӣ
Чу ту ман ҳам замоне вола будам,
Саропо дард будам, нола будам.
Ба монанди ту ошиқ будаму маст,
Ба монанди ту ҳаждаҳсола будам.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 334 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 346
- 1991Ману дарёсаҳ. 218
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 705
- 2011Девони замонсаҳ. 361