Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Лоиқ Шералӣ
Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамро,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.
Дар рӯи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошанд аз нон тамоми мардум.
Дар рӯи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё
Ё ҳафтсин бибояд ё ҳафт навдаи он –
То боғи ҳафт иқлим рӯи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.
Дар базми иди Наврӯз аз ҳафт навъи бода
Ман ҷоми хештанро пур мекунам, ҳарифон,
Менӯшамаш ба шодӣ бо кулли мардуми даҳр
Рӯи ғаме набинад то ҳафт пушти инсон!
1977
- Жанр
- Шеър
- Мавзӯъҳо
- Забон ва фарҳанги миллӣ
- Сол
- 1977 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 96
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 42
- 2006Девони дилсаҳ. 249