Дар ин дунё агар дунё надорӣ
Лоиқ Шералӣ
Дар ин дунё агар дунё надорӣ,
Сари пуршӯру пурсавдо надорӣ,
Аз ин як рӯзи кӯтоҳат чӣ ҳосил,
Дар имрӯзат агар фардо надорӣ?!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1976 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1976Резаборон · № 22 дар «Куллиёти ашъор»
- 1979Марди роҳсаҳ. 168
- 1988Офтобборонсаҳ. 351
- 1991Ману дарёсаҳ. 223
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 678
- 2011Девони замонсаҳ. 323