Дар ин дунё бубояд қаҳрамон буд
Лоиқ Шералӣ
Дар ин дунё бубояд қаҳрамон буд,
Паи ҳифзи амонӣ беамон буд.
Ба дилнармӣ наёрӣ тоби сахтӣ,
Бибояд сахтрӯю сахтҷон буд.
- Жанр
- Дубайтӣ
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 191
- 1991Ману дарёсаҳ. 248
- 2011Девони замонсаҳ. 327