Дар канорат дилам зи хушкомӣ

Лоиқ Шералӣ

Дар канорат дилам зи хушкомӣ

Оламе дар канор меовард.

Гули гулдони ту шукуфт он шаб,

То саҳар хонаро муаттар кард.

Субҳи козиб - дурӯғгӯи вақт

Раҳзане буду раҳзанӣ сар кард.

... Миннати он шабе, ки дар оғӯш

Сад ҳазорон сапеда пинҳон сохт.

Лаънати он сапедаи козиб,

Ки дили ҷамъи мо парешон сохт...

Жанр
Шеър

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо