Дар мурдани одамӣ ҳазорон сабаб аст
Лоиқ Шералӣ
Дар мурдани одамӣ ҳазорон сабаб аст:
Гаҳ сактаи қалбу гоҳ ранҷу тааб аст.
Аммо зи барои соҳиби чашмаву рӯд
Дар саргаҳи об ташна мурдан аҷаб аст...
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 187
- 1994Аввалу охири ишқ · № 248 дар «Куллиёти ашъор»
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 666
- 2011Девони замонсаҳ. 284