Дар вақти ҷавониям ҷавонӣ кардам
Лоиқ Шералӣ
Дар вақти ҷавониям ҷавонӣ кардам,
Бар домани ёр дилфишонӣ кардам.
Афтодам агар, фитодам аз дори баланд,
Бо номи баланд зиндагонӣ кардам.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 47 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 163
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 648
- 2011Девони замонсаҳ. 263