Дардо, аламо, ки хилқатамро куштанд
Лоиқ Шералӣ
Дардо, аламо, ки хилқатамро куштанд,
Аслам, насабам, ҷибиллатамро куштанд.
Фарёд на з-он, ки мову ту кушта шудем,
Фарёд аз он, ки миллатамро куштанд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 132
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 671
- 2009Ангораҳосаҳ. 119
- 2011Девони замонсаҳ. 289