Дареғо, аспи қисмат зин надорад
Лоиқ Шералӣ
Дареғо, аспи қисмат зин надорад,
Сари савдоиён болин надорад.
Ҳама хоҳанд вазни худ бидонанд,
Тарозуи касе шоҳин надорад.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 159
- 1988Офтобборонсаҳ. 331
- 1991Ману дарёсаҳ. 202
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 687
- 2011Девони замонсаҳ. 337