Эй ёр, биё, ки хона холӣ бе туст
Лоиқ Шералӣ
Эй ёр, биё, ки хона холӣ бе туст,
Тақдири дилам заифнолӣ бе туст.
Ҳарчанд ки паршикастаат хондам гоҳ,
Боз о, ки маро бепаруболӣ бе туст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 129
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 669
- 2011Девони замонсаҳ. 287