Фебони дих “У
Лоиқ Шералӣ
Фебони дих “У
Арчаҳои сабз - кадди хоҳарам,
Сабзаҳояш - хатти сабзи додарам.
Кӯчаҳои тангу беному рақам
Роҳҳои саргузашти модарам.
Кӯчаҳоро номи зебо додаанд,
Хонаҳоро зебу оро додаанд.
Росту ҳамвор гашта кӯчаҳо
Сар ба пои говраҳ бинҳодаанд.
Ман ҳам он раҳро ба шаҳроҳе барам,
Домани мақсуд бар каф оварам,
Сад чаҳон ёбам. валекин ҳасрато,
Аз куҷо ёбам туро ман, модарам?!
Мерасад бӯи гули санҷид мудом
Модарам, аз хоки гӯрат бар машом.
Оҳ, модар, як нафа аз хок хез,
Ман ҳанӯзам нотамому нотамом...
Номи ту дунёст, дунёят чӣ шуд?
Рӯзу шабҳо сӯхтанҳоят чӣ шуд?
Ман калон гардида марди раҳ шудам,
Модарам, чашмони раҳпоят чӣ шуд?
Бар сари гӯрат чароғ афрӯхтам,
Сӯхтам, ҳамчун дили ту сӯхтам.
Мушти хокатро гирифтам роҳвор,
«Уба сак
Аз ҳамон хоке, ки савсан чидаӣ,
Модарам, имрӯз доман чидаӣ.
Дар чунин як гӯшаи беҷони хок
Бо бузургият чӣ сон гунҷидаӣ?
Деҳаи ман хурд мисли номи ман,
Лек оламгир чун пайғоми ман.
Ниматору нимаравшан оламест,
Бош нури лоязол, анҷоми ман!
Роҳҳои рост - роҳи додарам,
Қуллаҳо - номи баланди хоҳарам.
Барфи кӯҳҳоянд дастори падар,
Шаршара - мӯи сафеди модарам.
Фагбжи дил «Фу
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 149