Гар марди ҳунар писанди даврон гардад

Лоиқ Шералӣ

Гар марди ҳунар писанди даврон гардад,

Омоҷи ҳасуду кинадорон гардад.

Шохе, ки пур аз бор бувад, ё шиканад,

Ё хомталоши раҳгузорон гардад.

Жанр
Рубоӣ
Сол
1972 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо