Гар ёр ба мо назар надорад, чӣ кунем?
Лоиқ Шералӣ
Гар ёр ба мо назар надорад, чӣ кунем?
Хокистари мо шарар надорад, чӣ кунем?
Мо бандаи ёру ӯ ба мо сардор аст,
Сардор валек сар надорад, чӣ кунем?
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 197 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 182
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 662
- 2011Девони замонсаҳ. 279