Гиряи Кова ба ҳабдаҳ писараш
Лоиқ Шералӣ
Даруни синаи сардам дили садпора мегиряд,
Миёни хонаи бекӯдакам гаҳвора мегиряд.
Зи базми гарми шоҳон хандаи мастона меояд,
Ба чашми ман вале ҳар хишти бурҷу бора мегиряд.
Замин – бечора, медонам, фалак бечоратар аз ӯ
Ду бечора ба аҳволи мани бечора мегиряд.
Замину осмон танҳо, ба гардун ахтарон танҳо,
Хаёлам, бо мани танҳо ҳама сайёра мегиряд.
. . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . . .
1976
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1976 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 136
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 99
- 1991Ману дарёсаҳ. 87
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 305
- 2009Ангораҳосаҳ. 46
- 2011Девони замонсаҳ. 79