Ҳама нозат ғанимат бошад, эй гул
Лоиқ Шералӣ
Ҳама нозат ғанимат бошад, эй гул,
Саропои ту давлат бошад, эй гул,
Туро баҳри муҳаббат офариданд,
Мададгорат муҳаббат бошад, эй гул.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 162
- 1988Офтобборонсаҳ. 343
- 1991Ману дарёсаҳ. 215
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 688
- 2011Девони замонсаҳ. 339