Ҳар сӯ нигарам, кӯҳ бувад анбозам
Лоиқ Шералӣ
Ҳар сӯ нигарам, кӯҳ бувад анбозам,
Ҳар ҷо биравам, кӯҳ бувад дамсозам.
Аз пой дарандохтанам гар хоҳанд,
Бар гардани кӯҳ даст меандозам.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1994 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1991Ману дарёсаҳ. 187
- 1994Аввалу охири ишқ · № 247 дар «Куллиёти ашъор»
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 666
- 2011Девони замонсаҳ. 284