Имрӯз туро қасри забарҷад созанд
Лоиқ Шералӣ
Имрӯз туро қасри забарҷад созанд,
Таъриф кунанд, аз ту Муҳаммад созанд.
Чун даргузарему гӯрҳамсоя шавем,
Қабри ману ту баробари қад созанд.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 138 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 175
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 656
- 2011Девони замонсаҳ. 272