Ин харобазамин диёри ман аст
Лоиқ Шералӣ
Ин харобазамин диёри ман аст,
Марзи хунини ёдгори ман аст.
Чун мазори умедҳом ин ҷост,
Охируламр ҳам мазори ман аст.
Оҳи ман гӯрро битарконад,
Оҳи ман оҳи рӯзгори ман аст.
Халқи тоҷик гар надорад пос,
Гӯри торик посдори ман аст.
Дар канори шумо нагунҷидам,
Хоки аҷдод ҳамканори ман аст.
Модарам рафт, низ биштобам,
Рӯҳи покаш дар интизори ман аст.
10.12.1993
- Жанр
- Ғазал
- Сол
- 1993
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 106
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 477
- 2009Ангораҳосаҳ. 89
- 2011Девони замонсаҳ. 239