Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст
Лоиқ Шералӣ
Ин субҳ давоми шоми чун зиндон аст,
Ин ханда нишони дидаи гирён аст.
Ҳар чизи наве, ки ҳозирон ёфтаем,
Гумкардаи рафтагони пурармон аст.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 4 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 158
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 645
- 2011Девони замонсаҳ. 258