Ҷуз модари ман ба ман касе ном надод
Лоиқ Шералӣ
Ҷуз модари ман ба ман касе ном надод,
Ҷуз меҳнати ман ба ман касе ком надод.
Оромии ман ҳама зи беоромист,
Оромӣ ба ман як нафас ором надод.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 149 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 177
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 657