Худоё, эй худоё, эй худоё
Лоиқ Шералӣ
Худоё, эй худоё, эй худоё,
Макун ёри маро аз ман ҷудоё.
Сурудам дар гулӯ чун мор печад,
Агар ёре набошад ҳамсадоё.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 369 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 355
- 1991Ману дарёсаҳ. 227
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 708
- 2011Девони замонсаҳ. 303
- 2011Барги сабзсаҳ. 63