Ман омадаам паи ҷаҳонафрӯзӣ
Лоиқ Шералӣ
Ман омадаам паи ҷаҳонафрӯзӣ,
Аммо накунад ҷаҳон ба ман дилсӯзӣ.
Ман сабзаи парвардаи хуршедам, лек
Хуршед маро боз бисӯзад рӯзе.
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 217 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 185
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 663
- 2011Девони замонсаҳ. 281