Ман зиндаам ба хотири дидори орзу
Лоиқ Шералӣ
Ман зиндаам ба хотири дидори орзу,
Ман зиндаам ба хотири ёри хаёлиям,
Ман зиндаам ба хотири он ишқи сармаде,
К-орад паёми дилфиреб аз безаволиям.
Ман зиндаам ба хотири бахти наёфта,
Ман зиндаам ба хотири роҳи нарафтаам.
Ман зиндаам ба хотири ишқи набохта,
Ман зиндаам ба хотири шеъри нагуфтаам.
Ман зиндаам ба хотири он рӯзҳои баъд
То зиндаам ба даҳр, кашандам ба сӯи хеш,
Ман зиндаам ба хотири он чашмаҳои ҳусн,
К-овозашон шунидаам дар орзуи хеш.
Ман зиндаам ба хотири ноҷустаҳои дил,
Ман зиндаам ба хотири нашнидаҳои хеш.
Ман зиндаам ба хотири дурии дуриҳо,
Ман зиндаам ба хотири нодидаҳои хеш...
1975
- Жанр
- Шеър
- Сол
- 1975 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1984Рӯзи сафедсаҳ. 50
- 1991Ману дарёсаҳ. 68
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 114
- 2006Девони дилсаҳ. 227