Манам дасти ба дастат норасида
Лоиқ Шералӣ
Манам дасти ба дастат норасида,
Манам чашме, ки рӯятро надида.
Миёни мову ту якумра роҳ аст,
Манам шому ту субҳи навдамида.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1982 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1982Хонаи чашм · № 288 дар «Куллиёти ашъор»
- 1988Офтобборонсаҳ. 326
- 1991Ману дарёсаҳ. 196
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 701
- 2011Девони замонсаҳ. 357