Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ
Лоиқ Шералӣ
Машъал бишавед дар шаби зулмонӣ,
Сӯзед, ки олам бишавад нуронӣ.
Бар як худи хуршед гарон аст охир
Бар олами беканор нурафшонӣ...
- Жанр
- Рубоӣ
- Сол
- 1972 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1972Соҳилҳо · № 76 дар «Куллиёти ашъор»
- 1991Ману дарёсаҳ. 167
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 651
- 2011Девони замонсаҳ. 266