Муборакбод
Лоиқ Шералӣ
(Тарона)
Бошад муборак ҷашни ҷавонӣ.
Рӯзи муроди ёрони ҷонӣ.
Арзад ки имшаб дар пои ёрон
Ҳам гул фишонӣ, ҳам дил фишонӣ.
Обод бошед, эй ҷуфти хушгил,
Монанди дарё шӯрида бошед,
Чун чашмасорон ҷӯшида бошед.
Ҷонбози ишқу сарбози даврон
Дар рӯзгорон пурдида бошед.
Обод бошед, эй ҷуфти хушгил,
Имшаб, ки субҳи навзиндагонист,
Ҷашни муҳаббат, базми ҷавонист,
Дар рӯи олам хушрӯзу хушрӯ
Ҷуфти муносиб мисли шумо нест.
Обод бошед, эй ҷуфти хушгил,
- Жанр
- Шеър
Нашрҳо
- 2006Девони дилсаҳ. 480