Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд
Лоиқ Шералӣ
Нишони мо пас аз мурдан биҷӯянд,
Хатои мо пас аз мурдан бигӯянд.
Чи гулҳо, ки надидему начидем,
Пас аз мурдан зи хоки мо бирӯянд.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 158
- 1988Офтобборонсаҳ. 329
- 1991Ману дарёсаҳ. 199
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 686
- 2011Девони замонсаҳ. 336