Шаби ҷашнат дили зорам ғамин буд
Лоиқ Шералӣ
Шаби ҷашнат дили зорам ғамин буд,
Гиреҳҳои дилам андар ҷабин буд.
Гунаҳпӯши ту – сарбанди гулобӣ,
Гунаҳбардори ман танҳо замин буд.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 184
- 1988Офтобборонсаҳ. 371
- 1991Ману дарёсаҳ. 243
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 697
- 2011Девони замонсаҳ. 354