Шикори бахт доим бебарор аст
Лоиқ Шералӣ
Шикори бахт доим бебарор аст,
Шумори вақт доим бешумор аст.
Канори рӯд як каф об хурдем,
Надонистем, к-он ҳам раҳгузор аст...
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 181
- 1988Офтобборонсаҳ. 369
- 1991Ману дарёсаҳ. 240
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 696
- 2011Девони замонсаҳ. 351