То чанд барои ҳамдигар гӯр шавед

Лоиқ Шералӣ

То чанд барои ҳамдигар гӯр шавед,

Ёрону бародарон, ба ҳам ҷӯр шавед.

Гар қадри бародарӣ надонед, яқин

Нону намаки халқ занад, кӯр шавед...

Жанр
Рубоӣ
Сол
1997 (тахминӣ)

Нашрҳо

Монандҳо

Шарҳҳо