Ту будӣ як замон дар синаи ман
Лоиқ Шералӣ
Ту будӣ як замон дар синаи ман,
Зи кулли насяҳо нақдинаи ман.
Шиносам то дили худрову худро
Ту будӣ рӯ ба рӯ оинаи ман.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 333
- 1991Ману дарёсаҳ. 204
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 715
- 2011Девони замонсаҳ. 315