Туро дар орзуям сохтам ман
Лоиқ Шералӣ
Туро дар орзуям сохтам ман,
Ҷавониро ба ишқат бохтам ман.
Чу ту нашнохтӣ қадри диламро,
Накӯтар хешро бишнохтам ман.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 157
- 1988Офтобборонсаҳ. 329
- 1991Ману дарёсаҳ. 200
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 686
- 2011Девони замонсаҳ. 336