Зи ишқи ту қасам хурдему рафтем
Лоиқ Шералӣ
Зи ишқи ту қасам хурдему рафтем,
Фиреби дам ба дам хурдему рафтем.
Ба уммеде, ки боре шод бошем,
Ҳазорон бор ғам хурдему рафтем.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1988 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1988Офтобборонсаҳ. 334
- 1991Ману дарёсаҳ. 205
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 715
- 2011Барги сабзсаҳ. 62
- 2011Девони замонсаҳ. 301