Зи ишқи ту тавонгар мешавад дил
Лоиқ Шералӣ
Зи ишқи ту тавонгар мешавад дил,
Латифу тозаву тар мешавад дил.
Агар ишқи ту ҷони тоза бахшад,
Ба сад пирӣ ҷавонтар мешавад дил.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1979 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1979Марди роҳсаҳ. 187
- 1988Офтобборонсаҳ. 374
- 1991Ману дарёсаҳ. 246
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 699