Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод
Лоиқ Шералӣ
Агар бишкаст оҳан ё ки фӯлод,
Нагӯям эй дареғ, эй вой, эй дод!
Валекин аз хиёнатҳои ёрон
Диле чун бишканад, фарёду фарёд!
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1976 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1976Резаборон · № 34 дар «Куллиёти ашъор»
- 1979Марди роҳсаҳ. 179
- 1988Офтобборонсаҳ. 366
- 1991Ману дарёсаҳ. 238
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 679
- 2011Девони замонсаҳ. 325