Агар дар рубъи маскун масканат нест
Лоиқ Шералӣ
Агар дар рубъи маскун масканат нест,
Бидон, ки низ дар он мадфанат нест.
Дар ин дунё агар чизе набудӣ,
Ба он дунё кирои рафтанат нест.
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 147
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 732
- 2011Девони замонсаҳ. 371