Туро, эй чизнодида чӣ гӯям?
Лоиқ Шералӣ
Туро, эй чизнодида чӣ гӯям?
Туро, эй кинажулида, чӣ гӯям?
Басо рӯдо, ки бо дарё даромехт,
Туро, эй оби гандида, чӣ гӯям?
- Жанр
- Дубайтӣ
- Сол
- 1997 (тахминӣ)
Нашрҳо
- 1997Фарёди бефарёдрассаҳ. 147
- 2001Куллиёти ашъорсаҳ. 732
- 2011Девони замонсаҳ. 371